Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ

  1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1444 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1076 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1076 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ -883 сомонӣ.

 

БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ

ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ)

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

- хислатнома;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ муқарраргардида;

- маълумотнома (справка-объективка).

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳмондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳмондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

        

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Айнӣ, кӯчаи  Рӯдакӣ-58, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, телефон: (+992) 3479-2-22-05.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.