Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим – 1 ҷой,

        Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии фарҳангшинос, филология;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

Маоши мансабӣ 1076 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зонг – 1 ҷой,

Талаботи ассоси нисбати довталаб:

  • таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, омодагии дифои ҳарбӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);

Маоши мансабӣ 888 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим – 1 ҷой,

- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, бо ихтисосҳои соҳаи андоз, молиявӣ ва иқтисодӣ;

- донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

 Маоши мансабӣ 700 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зеринро пешниҳод менамоянд:

  • - ариза ба номи раиси ноҳия;
  • - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  • - тарҷумаи ҳол;
  • - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  • - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
  • - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  • - нусхаи шиноснома;
  • - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • - маълумотнома оид ба доғи судӣ

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон

Суроға: маркази ноҳияи Ишкошим, кучаи М.Бобоков-1 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Индекс 736500

Тел \ факс: (83553) 21-1-25  тел/мобилӣ 93-541-41-70, 50-102-99-27, kadr.ishkoshim@mail.ru  

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.