Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой;

Талаботи тахассу­сӣ барои довталабон:

 - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

 - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷуҳурии Тоҷикистон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон­да­ни ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - кор бо компютер;

 - донистани забони давлатӣ ҳатмӣ  (забонҳои русӣ ва англисӣ пазируфта  мешавад);

Маоши мансаби – 1519,00 сомонӣ, боназардошти ило­вапулӣ барои соби­қаи хизмати дав­латӣ.

 

  1. Сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси шуъбаи корҳои умумӣ ва хиз­­мати давлатии дастгоҳи Суди конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 1 ҷой;

Талаботи тахассу­сӣ барои довталабон:

 -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ (ҳуқуқшинос, кадршинос, сотсиолог, мутахассисони со­ҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар мутахассисони соҳаҳои гуманитарӣ);

- 2  сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон­да­ни ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор бо компютер;

- донистани забони давлатӣ ҳатмӣ  (забонҳои русӣ ва англисӣ пазируфта  мешавад);

Маоши мансаби – 1380,00 сомонӣ, бо назардошти ило­вапулӣ барои соби­қаи хизмати дав­латӣ.

 

 Номгуи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби довталабон

барои иштирок дар озмун пешниҳод мегардад:

- ариза ба унвони Раиси Суди констиутсионӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом, замимаи диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

      - эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи амволӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонаму­данд);

- маълумотнома оид ба доѓи судӣ.

 

Ҳуҷҷатҳои довталабон дар муҳлати 21 рўз баъд аз нашри аввали эълон, ки дар нашрия дарҷ гардидааст, қабул карда мешаванд. Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Ду­шан­бе, кўчаи Бохтар 48., телефон барои маълумот:     221-55-50; 227-38-09 Веб-сайти Суди конститутсионӣ «www.constcourt.tj»

 

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.