Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1450 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1076,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 724,50 сомонӣ.

                                                          

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

  1. Сармутахассиси муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1076,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Обшорон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1076,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати деҳоти Палдорак-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати шаҳраки Бустон -1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Бустон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Обшорон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки Суғдиён-1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  8. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 724,50 сомонӣ.
  9. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Палдорак-1 ҷой, маоши мансабӣ – 724,50 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи  шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо ду дона акси андозаи  (4Х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома; 

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда  мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби   мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 5 сол собиқаи хизматидавлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  малакаи кор бо компютер;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё  3  сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо                                                                                                                                                                                                   

Маҳалли ҷойгиршавӣ: ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон, кўчаи С.Шарифов №23, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон: 2-21-61

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

       Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.