Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири шуъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва фаъолияти илмӣ – иттилоотӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии бойгоншинос таърихшинос ё дигар   ихтисосҳои гуманитарӣ;

- 4 соли собиқаи хизмати давлатӣ  ё  5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-доштани маҳорати хуби муошират бо аҳли ҷомеа;

- Донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) ва малакаи хуби кор бо компютер. аз рўи барномаҳои «Microsoft Office» «Word».

Маоши мансабӣ-1940,60 сомонӣ.

 

  1. Мудири бахши молия ва муҳосибот - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ;

- 3 соли собиқаи хизмати давлатӣ  ё  4 соли собиқаи умумии меҳнатӣ;

-  донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) ва малака хуби кор бо компютер; 

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шўъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 1674 сомонӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилию методӣ, ҷамъоварӣ, ташхиси арзишнокии ҳуҷҷатҳо, бойгониҳои идоравӣ ва коргузорӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ бойгоншинос таърихшинос ё дигар   ихтисосҳои гуманитарӣ;

- 1 соли собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси бахшро ба танзим медароранд;

- Донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) ва малакаи хуби кор бо компютер аз рўи барномаҳои «Microsoft Office» «Word», «Excel» ва «1 С - бухгалтерия».

Маоши мансабӣ-1069 сомонӣ.

 

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи Саридораи бойгонӣ шинос шаванд.

ЭЗОҲ: Иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ мегардад.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли № 038;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

- Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Шуъбаи ташкилию методӣ, ҷамъоварӣ, ташхиси арзишнокии ҳуҷҷатҳо, бойгониҳои идоравӣ ва коргузории Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати 21 рўзи корӣ баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешванд.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Неъмат Қаробоев – 38/1.

Телефонҳо 233- 95 – 71, 233 – 44 – 32, 233 – 49 – 28.

Сомонаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:  Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.