Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1519 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1132 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1132 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1132 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1132 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1132 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари бахши нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 925 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 925 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 925 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари бахши бойгонии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 925 сомонӣ.
  11. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 759 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мудири шуъба

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

  • таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи диплом;
  • 2 дона расми 3х4;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038;
  • нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (ИТС).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар воситаҳои ахбори омма дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев 39, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ошёнаи 7, утоқи №710, телефон 4-67-01.

Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо на камтар аз 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.