Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. 1. Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3025 сомонӣ.
  2. Референти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2740 сомонӣ.
  3. Референти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2740 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1674 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши таъмини фаъолияти кумита ва комиссияҳо - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1242 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари раёсати тарҷума - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1242 сомонӣ.

       

Талаботи тахассусӣ

барои хизматчиёни давлатии  маъмурӣ

барои ишғоли мансаби Мушовири калон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби Референти муовини якуми Раис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби Сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

         - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби Мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

         - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

Ҳамаи довталабони мансабҳои маъмурии категорияҳои номбурда:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист.

 

 

Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун

пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- эъломия дар бораи  даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

- нусхаи шиносномаи шахсӣ;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

       -  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ - 42,

Телефон барои маълумот: 221-33-07.

         Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рўз қабул карда мешаванд.

Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.