Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3174 сомонӣ.
  2. Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1246 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1242 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, кор карда тавонистан бо компютер.

-Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, кор карда тавонистан бо компютер.

-Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ;

-Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, кор карда тавонистан бо компютер.

 

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
  • маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  • дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023,  шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10, тел: 221-47-87.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.