Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири шуъбаи ҳуқуқ, кадр ва коргузорӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозӣ, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; - малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 1460,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи тарҳкашӣ ва шабакаҳои муҳандисӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозӣ, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; - малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ – 984,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии меъморӣ –сохтмонӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозӣ, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; - малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ – 1021,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ

Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли, №038УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.

 

         Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд.

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Қарабоев-48, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,