Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи раиси ноҳия:

1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор, 1 ҷой, маоши мансабӣ–1519 сомонӣ.

 

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

1.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Фархор- 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

2.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зафар- 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

3.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Дарқад- 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

4.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Фархор, 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

5.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ватан, 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

6.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Хуросон, 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

7.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Хутан, 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

8.Сармутахассис сармуҳосиб (омор)-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол, 1 ҷой, маоши мансабӣ-1076 сомонӣ.

9.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Фархор, 1 ҷой, маоши  мансабӣ -883 сомонӣ.

10.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Истиқлол, 1 ҷой, маоши  мансабӣ -883 сомонӣ.

11.Нозири мизи  ҳарбии  Ҷамоати  деҳоти  Зафар, 1 ҷой,  маоши  мансабӣ -883  сомонӣ.

12.Нозири   мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ватан- 1 ҷой, маоши мансабӣ-883 сомонӣ.

13.Мутахассиси пешбар (маънавиёт)-и Ҷамоати деҳоти Зафар, 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.

14.Мутахассиси пешбар (маънавиёт)-и Ҷамоати деҳоти Хутан- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.

15.Мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Дарқад- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.

16.Мутахассис (андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 724 сомонӣ.

17.Мутахассис (андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Дарқад- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 724 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

         - ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

         - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

         - тарҷумаи ҳол;

         - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

         - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс 

           собиқаи  меҳнатӣ надорад);

         - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

         - нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

         - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

         - нусхаи шиноснома;

         -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо 

           намудаанд);

- гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои ман-саби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи корӣ бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

             Шаҳраки Фархор, кўчаи С.Сафаров №1, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, телефонҳо: (83316) 2-11-88; 2-25-87; 905-10-30-99 почтаи электронӣ; kadrho.farhor@khatlon.tj.

Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рўз қабул карда мешаванд.

            Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.