Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ-2158,00 сомонӣ.
  2. Сармутахассис- котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1076,00 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ-883 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1028,10 сомонӣ.
  5. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Муҷун – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1028 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ -841 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Яхтан 1 ҷой, маоши мансабӣ-842 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ-842 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Ғазантарак -1 ҷой, маоши мансабӣ-840 сомонӣ.
  10. Мутахассиси андози Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ -690 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ 842.00 сомонӣ. 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо  шакли дар замимаи 1

  пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

  меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- маълумотнома оиди надоштани дощи судӣ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд).

 

 Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳ:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, кор карда тавонистан бо компютер.

-Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

          - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

        - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

  - кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

         -  малакаи кор бо компютер.

 

   Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

         -  малакаи кор бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

шаҳраки Ғончӣ,  кўчаи Исмоили Сомонӣ -20, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия,  ҳуҷраи 23, телефон барои тамос  8 (3464) 2-42-16, суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.