Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

1.Сармутахассиси бахши молияи ва хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ –  1131,60  сомонӣ.

   2.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи           Раиси ноҳия 1 – ҷой, маоши мансабӣ - 924 сомонӣ.

   3.Сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиӣ 1 – ҷой,  маоши мансабӣ –  1131,60 сомонӣ.

   4.Сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиӣ 1 – ҷой,  маоши мансабӣ –  1131,60  сомонӣ.

  5.Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1 – ҷой, маоши мансабӣ -759 сомонӣ.

  6.Мутахассиси пешбари бахши коммуналӣ, манзилӣ, муҳандисӣ ва ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1 – ҷой, маоши мансабӣ -924 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

-  ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ

-  варақаи баҳисобгирии кадрҳо

-  3 дона расм (андозаи 4 х 6)

-  нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти зарурии касбӣ, такмили ихтисос ва     

   унвони илмӣ (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатӣ, аз ҷумла собиқаи   

   корӣ аз рўи ихтисос  (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ)

-нусхаи қарор (фармон, амр) - и роҳбари мақоми давлатӣ дар бораи  

  захираи кадрҳои хизмати давлатӣ будани довталаб

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи амволи хизматчии давлатӣ

-  маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида

-  нусхаи билети ҳарбӣ ( афсари эҳтиётӣ)

-  хислатнома    

-  тавсиянома ва мулоҳизаҳои ташкилоту шахсони алоҳида.

Донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рўзи нашри эълони мазкур, дар давоми 20 рўз идома меёбад.

 

 Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

Барои ишғолкунандагони мансаби  мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

             Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба нишони зерин муроҷиат намоед, кўчаи Айнӣ 20, утоқи 6, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи  Шоҳмансур.

Телефонҳо барои маълумот: 223 - 23 – 49.