Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи Раиси ноҳия

  1. Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон-1 ҷой, маоши мансабӣ -1593,40 сомонӣ.

Воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Мудири шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ -1 ҷой, маоши мансаби -1593,40 сомонӣ
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ -759, 00 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ ва ободонӣ- 1 ҷой, маоши мансаби- 1131,60 сомонӣ.
  5. Сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак-1ҷой, маоши мансабӣ- 1131,60 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замин-1ҷой, маоши мансабӣ- 1131,60 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замин-1 ҷой, маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила-1 ҷой, маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ    

 надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

Талаботи тахасусї

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба

         -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахасусї

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

         -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахасусї

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахасусї

Барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         -малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

         Хиёбони Исмоили Сомонӣ 62, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо телефон: 250 30 30, 250 30 25.

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 18 январи соли 2022.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.