Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ-1131, 60 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ-924, сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахш оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ-924 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи кор бо компютер;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

       Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш.Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

       Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

 

       Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.