Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ,ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд вақонуният – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1675 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъба оид баҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣбо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1675 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣва экология - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1675 сомонӣ.

Ба озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи шакли муқарраршуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- 2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);

- маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);

- нусхаи билети ҳарбӣ;

- маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;

- СИН суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ;

- маълумотнома (справка- объективка) хаттӣ ва электронӣ.

- маълумотномаи надоштани доғи судӣ;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар озмун дар давоми 21 рўз аз лаҳзаи нашри эълон дар нашрияҳои расмӣдар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ - 42 қабул карда мешаванд.

Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Телефон барои тамос: 221-98-35.