Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатӣ -1 ҷой,

барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

Маоши мансабӣ 1380 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Сармутахассиси бахши молия ва муҳосибии Агентии хизмати давлатӣ - 1 ҷой,

барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё молиявӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

-кор бо барномаҳои 1С (ҳисоботи молиявӣ), TFMS SGBnet (барномаи молиявӣ), Mozilla Firefox (барномаи андоз), Office.stat (барномаи омор) ва барномаи Microsoft Excel.

Маоши мансабӣ 1380 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3.Сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд - 1 ҷой,  

барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва/ё иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

Маоши мансабӣ 1186, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ  ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-ариза ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот оид ба эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи амволӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣқабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс:(992 37)224-02-74, почтаи электронӣ:info07-@ahd.tj, Нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣwww.ahd.tj.