Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахшиҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ– 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ

- таҳсилоти олии касбӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё  4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дар соҳа;

- донистани  таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ 1444сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо  шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун, аз ҷониби шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шотта Руставелӣ – 22. Суроғаи электрони Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Телефон барои тамос:  227-66-21.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.