Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ.

  1. 2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб – 1ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ.
  2. 3. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣва шаҳрсозии мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ.

4.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кўлоб-   1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ.

  1. Сармутахассис-сармуҳосибиҶамоати деҳоти Зиракӣ– 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1038 сомонӣ.

6.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби -1038 сомонӣ.

  1. Сармутахассис оид ба соҳаи омориҶамоати деҳоти Зиракӣ- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансаби -1038 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари нозири мизиҳарбииҶамоати деҳоти Кўлоб - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 883 сомонӣ.
  3. МутахассисиҶамоати деҳоти Зарбдор (оид ба соҳаи кишоварзӣ) -    1ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансаби 690 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

-  ариза ба унвони Раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби сармутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассис

         - таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Суроға ва мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб

Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рўз аз рўзи нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.