Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори шуъбаи танзими энергетикаи барқӣ- 1ҷой, маоши мансабӣ - 1760 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи танзими энергетикаи барқӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1311 сомонӣ.
  3. Мудири бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус - 1ҷой, маоши мансабӣ- 1444 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус - 1ҷой, маоши мансабӣ- 1069 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси бахши таъминотиҳуқуқӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1311 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари раёсати танзими инҳисороти тиббӣ- 1ҷой, маоши мансабӣ - 1069 сомонӣ.
  7. Мутахассиси Раёсатиҳимоя ва рушди рақобат - 1ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари Раёсатиҳифзиҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1069 сомонӣ.
  9. Мутахассиси Раёсатиҳифзиҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

                                барои ишғоли мансаби сардори шуъба

-  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

                                  барои ишғоли мансаби мудири бахш

-  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи махсус, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраргардида);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи  меҳнатӣ 

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

- маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );

- маълумотнома аз ҷои истиқомат.

- маълумотнома (справка-объективка);

- хислатнома;

- дело (скоросшиватель);

 Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар бинои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кўчаи Шамсӣ-5/1,қабул карда мешаванд.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз.

Телефон барои тамос: 236-53-57, 236-50-26.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.