Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мутахассиси пешбари Раёсати омори савдо ва нарху тарифҳои   Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 972,90  сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ, омори иҷтимоӣ, молия ва бақайдгирии корхонаҳои Сарраёсат- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 972,90 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари Раёсати омори шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924,60 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси Раёсати омори шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1131,60 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси  шуъбаи омори ноҳияи Зафаробод  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1076,40  сомонӣ.

Талаботҳои тахассусї

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбї, ихтисоси иқтисодиёт, риёзиёт; ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатї;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатї;

Талаботҳои тахассусї

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбї, ихтисос – иқтисодиёт, риёзиёт, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

        - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатї;

ХУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:

- аризаи шахсӣ ба унвони сардори Сарраёсати Агентии омори назди 

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Cуғд;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (2 дона расми 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

   надорад);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо  намудаанд);

 

       Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рўз баъди нашри эълон буда, хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои 1, тел. (83422) 5-54-39, 5-69-44 муроҷиат намоянд.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.