Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси бахши кадрҳо ва таъминотиҳуқуқии Кумита – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омўзгорӣ, психологӣ, сотсиологӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани  таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси шуъбаи муҳосиботвахоҷагииКумита– 1ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Шуъбаро ба танзим медароранд;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои

зерин талаб карда мешаванд:

-ариза ба унвони Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ шакли № 038УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ;

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣқабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи С. Айнӣ 48, индекс: 734024,

Тел: (+992 372) 27-85-79

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.