Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси бахши молияи ва хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳия - 1ҷой, маоши мансабӣ– 1186 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши меъморӣва шаҳрсозии мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1186 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия - 1ҷой, маоши мансабӣ -1186 сомонӣ.
  4. Мутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия - 1ҷой, маоши мансабӣ -759 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия - 1ҷой, маоши мансабӣ -759 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣва кабудизоркунии мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой,  маоши мансабӣ –  1186 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣва кабудизоркунии мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ -759 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

-  ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатї

-  варақаи баҳисобгирии кадрҳо

-  3 дона расм (андозаи 4 х 6)

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти зарурии касбї, такмили ихтисос ва     

   унвони илмї (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатї, аз ҷумла собиқаи   

   корї аз рўи ихтисос  (нусхаи дафтарчаи меҳнатї)

-нусхаи қарор (фармон, амр) - и роҳбари мақоми давлатї дар бораи  

  захираи кадрҳои хизмати давлатї будани довталаб

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи амволи хизматчии давлатї

-  маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида

-  нусхаи билети ҳарбӣ ( афсари эҳтиётӣ)

-  хислатнома    

-  тавсиянома ва мулоҳизаҳои ташкилоту шахсони алоҳида.

Донистани забони хориҷї ва дониши компютерї ба эътибор гирифта мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рўзи нашри эълони мазкур, дар давоми 20 рўз идома меёбад.

Талаботи тахассусї:

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

таҳсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатї ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатї;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатї.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

таҳсилоти олї ё миёнаи касбї, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Барои гирифтани маълумотҳои иловагї ба нишони зерин муроҷиат намоед, кўчаи Айнї 20, утоқи 6, шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур.

Телефонҳо барои маълумот: 223-23-49.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.