PRESIDENT
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 4
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст.
Read more: Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 6
12 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман идома ёфт.
Коргоҳи мазкур дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдат ҷойгир буда, дар майдони 420 метри мураббаъ қомат афрохта, барои 40 ҳунарманд ҷойи корӣ фароҳам сохт.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Имомиддин Ғафуров бунёд ёфтааст.
Read more: Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман дар ноҳияи Деваштич
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 6
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматуллоро ифтитоҳ намуданд.
Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад.
Read more: Ифтитоҳи Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯӣ дар ноҳияи Деваштич
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 7
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Деваштич ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдат бинои нави Маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ аз моҳи июни соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд.
Read more: Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 4
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни истиқлол то имрӯз 47 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 59 муассисаи маориф, 9 иншооти фарҳанг, 32 майдончаи варзиш, 8 бинои маъмурӣ, 21 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона, 117 иншооти савдо ва хизматрасонӣ, 92 километр роҳ, 37 пул, 14 бинои истиқоматии баландошёна ва 321 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 21
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст.
Read more: Боздид аз гармхонаи Моғиён-Агро ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 23
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Салмон-Бинокорро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Насриддинзода сохта шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Read more: Ифтитоҳи корхонаи шифер дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 25
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.
Read more: Ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент