User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузар, ки ду соҳили рудхонаи Ғундро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 1 июни соли 2023 оғоз гардида буд.

Дарозии пул 200 метр ва паҳноияш 10 метр аст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хуштарҳ ва замонавии   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бунёд гардида, дорои шароити хуби кору хизматрасонӣ мебошад.

Бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ аз 7 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки қитъаи роҳи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бино ва озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур, ки бо таҷҳизоти муосир ва инфрасохтори техникии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст, дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, ҳамчун маркази муҳими муҳандисиву озмоишӣ дар самти нигоҳдорӣ, назорат ва рушди роҳҳои минтақа хизмат хоҳад кард.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама, ба мардуми меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон барои истиқболи самимона арзи сипос менамоям.

Ин лаҳзаҳо мо дар остонаи санаи муҳим – Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон барои истиқболи самимӣ арзи сипос намуданд.

Президенти кишвар иштирокдорони мулоқот ва кулли сокинони вилоятро бо санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, фазои орому осуда, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ дар ҳар гӯшаи Ватани азизро орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон аз 226 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохтмону навсозии 190 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 111 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки саҳми арзандаи соҳибкорон ва мардуми шарафманди ноҳия дар раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ шоистаи таҳсину қадршиносӣ мебошад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи Пайравони Пешворо мавриди истифода қарор доданд.

Ин аввалин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази ноҳия буда, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи соҳа ва мувофиқ ба завқи кӯдакон қомат афрохтааст, ки дар он барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 150 кӯдак дар панҷ гуруҳ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.