User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси бахши ҳуқуқ ва кадрҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2102,30 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (справка- объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ–5/1 блоки Б.

Телефон барои тамос: 236-98-45.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.