User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

Дар дастгоҳи Суди Олӣ ва Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ

  1. Муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3991,90 сомонӣ.
  2. Ёрдамчии судяи Суди Олӣ - 9 ҷой, маоши мансабӣ - 2685,65 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2436,00 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси Раёсати омор ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2436,00 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Раёсати марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1983,60 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Раёсати омор ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1983,60 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳои Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1983,60 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1983,60 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1983,60 сомонӣ.
  10. Мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  11. Мутахассиси Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳои Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  12. Мутахассиси Раёсати марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  13. Мутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  14. Мутахассиси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.

 

Дар суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:

  1. Ёрдамчии раиси суди ВМКБ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2319,90 сомонӣ,
  2. Пристави судии суди ВМКБ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1716,80 сомонӣ.
  3. Котиби маҷлиси судии суди ВМКБ - 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
  4. Котиби коллегияи судии суди ВМКБ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
  5. Пристави судии суди шаҳри Хоруғ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ.
  6. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Дарвоз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  7. Котиби судии суди ноҳияи Мурғоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  8. Котиби судии суди ноҳияи Ванҷ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  9. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Рўшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  10. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шуғнон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  11. Котиби судии суди ноҳияи Ишкошим - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.

 

Дар суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:

  1. Котиби маҷлиси судии суди вилояти Суғд - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
  2. Котиби коллегияи судии суди вилояти Суғд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
  3. Сармутахассис - сармуҳосиби суди шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ.
  4. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ.
  5. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Истаравшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ.
  6. Котиби судии суди шаҳри Истаравшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ.

    32. Ёрдамчии раиси суди шаҳри Бўстон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204,95  сомонӣ.

  1. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Конибодом - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ,
  2. Пристави судии суди ноҳияи Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  3. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  4. Котиби судии суди ноҳияи Б.Ѓафуров - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  5. Котиби судии суди ноҳияи Спитамен - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  6. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  7. Котиби судии суди ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  8. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.

 

Дар суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:

  1. Ёрдамчии раиси суди вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2319,90 сомонӣ.
  2. Котиби маҷлиси судии суди вилояти Хатлон - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
  3. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Бохтар - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ.
  4. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Кўшониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  5. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ховалинг - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  6. Сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Шаҳритус - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2560,25 сомонӣ.
  7. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шаҳритус - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  8. Котиби судии суди ноҳияи Шаҳритус - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  9. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ёвон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  10. Котиби судии суди ноҳияи Хуросон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  11. Котиби судии суди ноҳияи Фархор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.

 

Дар суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои он:

  1. Сармутахассис-сармуҳосиби суди ноҳияи Сино – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ.
  2. Пристави судии суди шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1716,80 сомонӣ.
  3. Пристави судии суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1635,60 сомонӣ.
  4. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1345,60 сомонӣ.
  5. Котиби судии суди ноҳияи Сино - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ.

 

Дар судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

  1. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276,00 сомонӣ.
  2. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  3. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Варзоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  4. Пристави судии суди суди ноҳияи Рашт - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  5. Котиби судии суди ноҳияи Тоҷикобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  6. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Лахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  7. Котиби судии суди ноҳияи Лахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  8. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи дуюм:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собикаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии мехнатй;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи сеюм:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи чорум:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:

  • таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

    - ариза ба унвонии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ( маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, аниқу фаҳмо нишон дода шаванд);

    - тарҷумаи ҳол (чопӣ ва дастӣ);

- нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014) агар ному насаб иваз карда шуда

  бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб;

- нусхаи диплом бо замимааш;

- насм (3х4 ранга 4 дона ва 4х6 2 дона);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар мавриди доштани собиқаи меҳнатӣ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- эъломия дар бораи даромадҳо ва ваъзи молу мулки худ;

- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

- маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд);

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);

- маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;

- ҷузвдон (скорошиватель)

- лифофа

 

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кўчаи Н. Қарабоев-1, бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳри Хоруғ, кўчаи Ш.Шоҳтемур-81, бинои суди ВМКБ;

Шаҳри Хуҷанд, кўчаи Сирдарё-46, бинои суди вилояти Суғд;

Шаҳри Бохтар, кўчаи Ваҳдат, бинои суди вилояти Хатлон.

Телефон барои тамос: 2 33-89-91

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.