- Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2967,80 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират ва маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- маҳорати кор бо компютер, донишу малакаи кофӣ аз рўи ихтисос.
- Мутахассиси шуъбаи фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва бехатарии авиатсионӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират ва маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- маҳорати кор бо компютер, донишу малакаи кофӣ аз рўи ихтисос.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
- маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, E-mail: : e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., www.caa.tj,
Телефонҳо барои тамос: (+ 992 372) 236-53-70, 931-56-65-44.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.