User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мутахассиси пешбари бахши мониторинги иҷрои Барномаҳо - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;    

-донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;

-  малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ 972 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши маркетинги бозори истеъмолӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;    

-донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;

-  малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ 972 сомонӣ, иловапулӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

- аризаи шахси ба унвони Сардори Раёсат;  

- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

-маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

-гувоҳномаи иқомат

 

 

Суроғаи ќабули ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳо ба нишонаи зерин бояд пешниҳод карда шаванд: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев - 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 5, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рўз таќвимӣ мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.