User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point;

Маоши мансабӣ - 1660,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси бахши минтақавии Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон – 1 ҷой,

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point;

Маоши мансабӣ - 1427,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ;

- донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point;

Маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Дастурамалҳои мансабии мансабҳои холии ба озмун пешниҳодкардашуда:

- дастурамали мансабии сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 12 июни соли 2023, №129 тасдиқ карда шудааст (матн замима карда мешавад);

- дастурамали мансабии сармутахассиси бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 12 июни соли 2023, №129 тасдиқ карда шудааст (матн замима карда мешавад);

- дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 12 июни соли 2023, №129 тасдиқ карда шудааст (матн замима карда мешавад).

Номгўи саволҳо ҷиҳати истифода ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон (номгўи пурраи саволҳо замима карда мешаванд):

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003,

Телефон барои тамос: факс: (37) 224-02-74, почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.