User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2023, №26/10-21 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 санаи 13 феврали соли 2023, соати 1100  дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 13 феврали соли равон аз соати 1000 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд, ки ќаблан тавассути телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. аз қайд гузаранд.

Ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки барои дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро қаблан тавассути телефонҳо ва почтаи электронии зикргардида ба Агентии хизмати давлатӣ то санаи баргузории нишасти матбуотӣ пешниҳод намоянд.

 

 

                                                Агентии хизмати давлатии назди
                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон