User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Таманниёти

директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба

хизматчиёни давлатӣ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз-2024

                

Наврӯз, биё хонаи ободи маро бин,

       Сартосари ин кишвари озоди маро бин.

 

Бо арзи ихлосу эҳтиром фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз-иди муқаддаси миллиро, ки рамзи офариниши ҳаёт, оғози эҳёи табиат, тантанаи адолату некӣ, ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо буда, беҳтарин суннатҳои инсониро тарѓиб менамояд ва барои наслҳои имрӯзу фардо аз асолату ҳувияти миллӣ, аз ормонҳои волои созандагиву бунёдкории ниёгонамон ҳикоят мекунад, ба кулли хизматчиёни давлатӣ муборакбод мегӯем.

Наврӯз чун ҷашни безаволи бостонӣ, ойини муҳаббату самимият ва дӯстию рафоқат дар ҷомеаи мутамаддини муосир метавонад кишварҳоро ҳамдилу муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо барои ваҳдати инсоният хидмат намояд.

Дар ин рӯзҳои фараҳафзо ба Шумо азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоии абадӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.

Бигузор ин ҷашни фархунда чун  тимсоли озодагиву зебоипарастӣ ва навсозию бунёдкорӣ баҳри ободию шукуфоии аз ин бештари  Тоҷикистони азиз ва хидмат ба мардуми сарбаланди он пайваста илҳомбахши Шумо бошад!

 

                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон