User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Чун анъана ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироъа мегардад. Санаи 28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод гардид, ки фарогири дастовардҳо ва муваффақиятҳои соли сипаригардида ва нақшаву барномаҳо барои соли оянда буд. Мувофиқан, бо мақсади гиромидошти 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Маърифати ҳуқуқӣ ба қавли олимони ватанӣ ҷузъи муҳимми фаъолияти давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат мекунад, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, инчунин ба рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.  Воқеан дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба падидаи давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ ин як намуди маърифати умумӣ аст, ки аз маҷмуи фаҳмишҳо, донишҳо, таҳлил ва хулосабарориҳо оид ба мазмун ва моҳияти қонунгузорӣ, эҳтиром, риоя ва иҷрои онҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои дар муқаррароти қонунгузорӣ мустаҳкамгардида иборат аст.

Маърифати ҳуқуқӣ яке аз василаҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама таъмини принсипи қонуният аст. Принсипи қонуният, тавре аз муқаррароти қ. 2 м. 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз ҷониби давлат, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори он, шаҳрвандон ва иттиоҳодияҳои онҳо риоя ва иҷро намудани Конститутсия ва қонунҳо мебошад. Илова бар ин, тибқи м. 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Реҷаи давлатдории демократӣ ба афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ном ва ба манфиати халқ амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ асос ёфта, давлати ҳуқуқбунёд бошад, ба қонуният ва ё волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс асос меёбад. Падидаҳои зикргардида бо сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ротибаи зич дошта, танҳо дар сурати мавҷудияти сатҳи зарурии маърифати ҳуқуқӣ аҳолии кишвар метавонанд мазмуни аслӣ ва моҳияти демократия ва ҳуқуқбунёдии Тоҷикистонро дарк намоянд.  Бо ин назардошт, гуфтан мумкин аст, ки эълон доштани соли «Маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо мақсади ташаккул додани тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, эҳтиром нисбат ба қонун, ҳуқуқу озодӣ ва манфиати инсон ва шаҳрванд нигаронида шудааст.

Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз ҷанбаи ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба  некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Чун моҳияти аслии қонунгузории кишварро унсурҳои болозикр ташкил медиҳанд, бо баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ҳар як шахс муҳимтарин хислатҳои неки инсониро низ аз худ намуда, ҳамчун шахсият ва ҷузъи ҷомеаи мутамаддин шинохта мешавад.

Таҷрибаи давлатсозӣ дар тули таърих ва замони имрӯза низ собит намудаанд, ки маҳз ҷомеаи адолатпарвар метавонад устувор боқӣ монда, рушд намояд. Ҳатто муҳаққиқон ба он назаранд, ки шакли аз ҳама самараноки реҷаи давлатдорӣ ин демократия ва ҳуқуқбунёдии давлат мебошад. Зеро унсури ин ду падидаро маҳз ҳуқуқ, озодӣ ва манфиати инсон ташкил медиҳад. Гиромидошти ҳуқуқи инсон аз ҷониби давлат ба он сабаб аст, ки ҷомеа бе инсон ва давлат бе ҷомеа вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин рӯ, бо мақсади устувор нигоҳ доштани ин занҷира зарур аст, ки ротибаи шахс, ҷомеа ва давлат дар сатҳи ҳуқуқӣ бо ҳисси баланди масъулияти тарафайн ба роҳ монда шавад. Воситаи таъини робитаи байни ин субъектон маҳз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафайни ҳама гуна муносибати ҷамъиятиро муқаррар ва низому суботро таъмин менамоянд. Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба баланд гардидани масъулият ва эътимоду боварии якдигар байни онҳо хизмат намояд.

Бо назардошти муҳиммияти риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо барои рушд ва устувории давлатӣ, пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, риоя гардидани ҳуқуқ ва озодии иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ, устувор намудани принсипи легитимият ва амалӣ гардидани муқаррароти м. 1 ва м. 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон дошта шудааст. Расидан ба ин ҳадафи дурандешона ва созанда на танҳо барои дарки моҳияти қонунгузорӣ, бархӯрдор гардидани аҳолӣ дар бораи ҳуқуқ ва имкониятҳои худ, балки барои риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои дигарон, амалӣ гардидани муқаррароти конститутсионӣ оид ба кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риоя гардидани онҳо аз ҷониби дигарон, бархурдор гардидан аз уҳдадории худ, ки метавонад барои риоя ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон, иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ дар назди давлат мусоидат намоянд, оварда мерасонад.

Махсус қайд намудан зарур аст, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» маънои онро надорад, ки танҳо ҳамин сол бояд ба баланд бардоштани сатҳи донишу фаҳмиши ҳуқуқии аҳолӣ нигаронида шуда бошад. Тавре ишора намудем, пешниҳоди мазкур назари дурбинонаи Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд, ки солҳои минбаъда низ чун анъана баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ идома ёфтан гирад. Зеро сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ба барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати шахс, ҷомеа ва давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ба устувории қонуният боис мегардад.

  

Бобоев Ш.Н.

магистранти Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон