User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии  баҳори  умратон  табрику таҳният  гуфта, ба  Шумо  бахту  саодати  ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ  ва  дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро  хоҳонем.

Сифатҳои  волои  омӯзгорӣ,  ҳисси  баланди  масъулиятшиносӣ ва хислатҳои наҷиби инсонии Шумо буданд, ки дар ҳамаи зинаҳои фаъолият соҳиби обрӯву эътибор ва иззату эҳтироми хоса гаштед. Чунин сифатҳои ҳамидаатон махсусан дар солҳои роҳбариятон ба ҳайси муовини якуми ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба зуҳур ёфтанд.

Саҳфаҳои фаъолияти пурмаҳсули илмию эҷодии Шумо барои наслҳои имрӯзаву ояндаи хизматчиёни давлатӣ махзани гаронбаҳо мебошад.

Хизматҳои Шумо дар тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Тӯли фаъолияти бисёрсола ва пурсамар сарбаландона ба халқу Ватан шоиста хизмат намудаед.

Ҳамкасби азиз! Боварии комил дорем, ки минбаъд низ донишу малака ва таҷрибаи бойи худро дар тарбияи насли нави хизматчиёни давлатӣ дареғ нахоҳед дошт.

Бори дигар Ҳомидхон Нуридиновичи азиз Шуморо ба муносибати ҳафтоддумин баҳори умратон самимона шодбош гуфта, бароятон умри тӯлонии бобаракат, саломатии бардавом ва рӯзгори пурфайзро таманно дорем.    

       Пирӯзиву комёбӣ ҳамқадами ҳамешагии Шумо бошад! Зодрӯз муборак!

Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди

                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                        Маълумотнома

  НУРИДДИНОВ Ҳомидхон

*аз майи соли 2020 дар вазифаи ходими пешбари Маркази омузиши «Мактаби  давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и   Академияи   идоракунии   давлатии    назди    Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон кор мекунад.

     Соли таваллуд -14 марти соли 1954    *Ҷойи таваллуд - ноҳияи Ш.Шоҳин

           *Миллат  -тоҷик                        *Таҳсилот - олӣ

  *Соли 1979 Донишгоци миллии Тоҷикистонро (рузона) хатм кардааст.

  *Ихтисос - таърих

   *Унвони илмӣ номзади илмҳои таърих, дотсент

   *’Кадом забонцои хориҷиро медонад руси, англисӣ 

   *Вакили Маҷлиси вакилони халқ; ҳаст ё не не

   *Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоцикисторн аз 28 августи соли 2010, №913 Ордени Шараф дараҷаи II

    *Вазъи оилавӣ  - оиладор

Солҳои 1971-1972-   Коргари совхози «Чубек»-и нохияи Мирсаид Али  Ҳамадонӣ

Солҳои 1972-1974-   Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ; дар СССР

Солдои 1974-1979-Донишҷуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солхои 2012—20l7   Муовини ректор оид  ба  таълими    Донишкадаи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз майи соли 2020 то ҳоло - Ходими пешбари Маркази омузиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон