User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 11 январи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз ҷониби комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо иштироки намояндаи ваколатдори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун гузаронида шуд.

Дар рафти гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз довталабон тибқи тартиб донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забонњои давлатӣ ва хориҷї, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки фаъолияти  хизмати давлатиро ба танзим медарорад,  пурсиш ба амал оварда шуд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон