Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, масъалаҳои андозу андозбандӣ, бахусус, муқаррар намудани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, ташаккули фарҳанги андозсупорӣ, такмили низоми андозбандӣ ва қонунгузории андоз матраҳ гардида, дар ин самт мақомоти дахлдор, хусусан мақомоти андоз вазифадор карда мешаванд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати давлатӣ оид ба пардохти саривақтии андозҳо буда, дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми босазо дошта, ҳамасола мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид 4 - уми май дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳайати кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандони мақомоти андозро дар ин рӯзи нек самимона шодбош намуда, фаъолияти босамар ва муваффақиятҳои беназири соҳавиро ҳаётиро таманно менамояд.

Иди касбӣ -муборак!

                                                Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди

                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон