Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ,
 саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»                                                                                                                                                                

                                        Эмомалӣ Раҳмон

 

        Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ,  Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.

        Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

        Ҳайати роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ  ва меҳмонони чорабинӣ аз гӯшаи «Наврӯз-2024»-и Агентии хизмати давлатӣ, ки  мувофиқ  ба  расму оин ва анъанаҳои наврӯзӣ ташкил карда шудааст, дидан намуданд.

        Ҳамчунин  ба хотири гиромидошти оинҳои наврӯзӣ дар саҳни майдончаи Агентии хизмати давлатӣ  маросими омода намудани таомҳои миллӣ баргузор гардид, ки таваҷҷӯҳи  иштирокчиён-насли ҷавони хизматчиёни  давлатии Агентиро ба ин чорабинӣ зиёда намуд.

         Қисмати  дигари чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид, ки он аз тамошои навори видеои бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз оғоз гардид.

         Баъдан муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Гурез Ҷурахон ҳозиринро ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз-2024 табрик намуда, дар бораи саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯз ва атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои ҷолибро пешниҳод намуд.

        Мавсуф қайд намуд, ки яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо намудани Наврӯз дар он ифода мегардад, ки ҷавҳари фалсафаи ин ҷашни зиндагисозро инсондӯстию таҳаммулгароӣ ва парастиши некию накӯкорӣ ташкил медиҳад.

 Яъне Наврӯз чун ҷашни баробарии инсоният, ойини муҳаббату самимият ва дӯстию рафоқат дар ҷомеаи мутамаддини муосир метавонад на танҳо як хонавода, маҳалла, минтақа ё кишварро ҳамдилу муттаҳид созад, балки он чун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо барои ваҳдати инсоният хидмат менамояд.

    Меҳмони чорабинӣ-Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад- доктори илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Наврӯз- ҷашни миллии бостонӣ  ва муосири байналмилалӣ» баромад намуда, вобаста ба таърихи Наврӯз  андешаҳояшро баён намуд.

        Собиқадори хизмати давлатӣ -Толибов Раҷабмурод Ғолибович дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки рӯзи 9 марти соли 2024  баргузор гардидааст, вобаста ба ҷанбаҳои дунявият доштани ҷашни Наврӯз маърӯза намуда, таҷлили наврӯзи хуҷастапайро ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии наслҳои ориётабор ва қонеъкунандаи ниёзҳои маънавию иҷтимоии миллати тоҷик ва дигар халқҳои ҳавзаи Наврӯз шарҳ дода, табрикоти худро бо шеърҳои наврӯзӣ тавқиятдод.

        Бонувони Агентии хизмати давлатӣ Рустамӣ Фарзона Рустам ва Ғафурова Бунафша таъби иштирокчиёнро бо шеърҳо дар васфи Наврӯз болида гардониданд.

        Мувофиқ ба тартиби баргузории чорабинии фарҳангии Агентии хизмати давлатӣ навори видеоӣ бо  қироати  шеъри устод Муҳаммад Ғоиб  «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ба иштирокчиён намоиш дода шуд. 

       Муовини  якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. дар интиҳо қайд намуд, ки муваффақияту пешравиҳои Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла дар корҳои ҷамъиятӣ аз  тамоми кормандон вобаста аст ва дар ин роҳи пурифтихор - хидмат ба Ватан ва ҳиссагузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар ба Шумо фатҳу нусратро таманно дорем.

         Бароятон тансиҳатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолиятатон комёбиҳо  орзу менамоем.

         Ид муборак.

            Бо таманнои «Ҳамарӯзи тоҷику тоҷикистонӣ Наврӯз бошад» чорабини  ҳусни анҷом ёфт.