Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои сармутахассисон, мутахассисони сохторҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ, аудити беруна ва дохила мансуб аз рӯйи барномаи «Рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва амалиётҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи курси мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух Бозоривич ва шунавандагони курс иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид дошт, ки айни ҳол гузаштан ба низоми њукумати электронӣ ва истифода аз дастовардҳои технологияи рақамӣ аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки роҳбарияти кишвар дар пайи татбиқи низоми иқтисоди рақамӣ дар фаъолияти молиявии мақомоту идораҳо талоши ҷиддӣ менамоянд. Дар кишвар тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз шуруъ аз моҳи августи соли 2023 низоми пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст, ки айни ҳол татбиқи он идома дорад.

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ зимни суханронии худ иброз намуд, ки мақсад аз баргузории курси мазкур такмил додани донишҳои назариявии хизматчиёни давлатӣ ва шинос намудани онҳо бо дастовардҳои илми муосир мебошад. Бо итминон метавон қайд намуд, ки хизматчиёни давлатӣ минбаъд донишҳои дар ҷараёни курси мазкур аз худ намудаашонро дар фаъолияти меҳнатӣ истифода хоҳанд бурд.

Дар фарҷоми маросими ифтитоҳи курс шунавандагон дархостҳои худро ба роҳбарияти Академия ва Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод намуданд.

 

 Академия идоракунии давлатии

назди Президенти Тоҷикистон