Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 13 декабри соли ҷорӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Давлатов Ҷ.М. - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Немировченко П.Г. - ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия баргузор гардид.

Инчунин дар мулоқоти мазкур Аҳмадзода Д.Д. - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Файзализод А.Ф. – сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ, Насуллозода Ф. Н. - сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ, Кенҷазода М.А. - муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотӣ Агентии хизмати давлатӣ, Саидамиров Б.Ш. - директори Маркази тадқиқоти авруосиёгї ва ҳамкории байнипарлумонии Донишкадаи шимолу ғарбии идоракунии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Тлисов А.Б - директори Донишкадаи Кавкази Шимолӣ- филиали Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Наталя В. Ш. - мудири шуъбаи рушди байналмилалии Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Россия иштирок намуданд. Њамчунин дар Академияи мазкур        хизматчиёни давлатии Љумњурии Тољикистон ба курсњоитакмили ихтисос сафарбар карда шуданд.

Зимни вохӯрӣ Давлатов Ҷ.М. - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Созишномаи ҳамкории байни Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2002 ба имзо расонида шуда, дар ин давра дар асоси талаботи Созишномаи мазкур корҳои назаррас ҷиҳати бунёди заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба роҳ монда шуданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои Созишномаи мазкур аз соли 2002 то соли 2006 аз рӯи барномаи таҳсилоти олии дуюм, аспирантура ва докторантура зиёда аз 72 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон (2 нафар докторантура, 4 нафар дар аспирантура, 66 нафар аз рўи таҳсилотии олии дуюми касбӣ) Академияи россиягии хизмат давлатии назди Президенти Федертсияи Россияро хатм намуданд.

Давоми солҳои 2007-2020 ҷиҳати иштирок дар курсҳои такмили ихтисос ва дигар чорабиниҳои сохаи хизмати давлатӣ 17 нафар кормандони Агентии хизмати давлатӣ ба Федератсияи Россия сафари хизмати анҷом доданд.

Инчунин Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки хизматчиёни давлатиро дар курсҳои такмили ихтисос, ки бо иштироки омўзгорони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ташкил гардиданд, таъмин менамояд.

Дар робита ба ҷараёни иҷрои Созишномаи ҳамкорӣ Немировченко П. Г. - ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвияти ҳамкориро бо назардошти имкониятҳои муосири мавҷудбуда дар Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва имзои созишномаи нави  њамкорињо бо назардошти имкониятњо ва натиљаи тарафњо пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни вохӯрии корӣ тамоми масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъда матраҳ карда шуда, мулоқот бо ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

  

Агентии хизмати давлатии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон