Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 7 апрели соли равон кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи ба номи С.Айнии пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Тадбири мазкур тибқи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст», ки бо пешниҳоди Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, сурат гирифт.

Дар асоси нақшаи мазкур  кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо дар рӯзҳои муайянгардида дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок мекунанд.

Варзиш гарави саломатӣ буда, аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳим-тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Иқдоми мазкур  дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.   

Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳар рӯзи шанбе дар яке аз маконҳои истироҳатию фароғатии пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ дастаҷамъона машғул мешаванд.