Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси дастгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии (бакалавр)   иқтисодӣ

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё  3  сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани  қоидаҳои  имлои забони тоҷикӣ  ҳатмист.

-донистани забонҳои  хориҷӣ  ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1427,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ   аз   рўи  ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари дастгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии (бакалавр)     

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани  қоидаҳои  имлои забони тоҷикӣ  ҳатмист.

-донистани забонҳои  хориҷӣ  ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ.

     Маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ   аз   рўи  ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси дастгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии (бакалавр)  ё миёнаи махсус   

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои  имлои забони тоҷикӣ  ҳатмист.

-донистани забонҳои  хориҷӣ  ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 962,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи  ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ   нишон дода шавад);

-тарҷумаи  ҳол (хаттӣ  ва чопӣ) ;

-нусхаи  ҳуҷҷатҳо дар бораи  таҳсилот ;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад) ;

-маълумотнома  дар бораи  вазъи  саломатӣ  (шакли № 038) ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами  мушаххаси  андоз супоранда (ИНН) ;

-маълумот дар бораи  даромад ва  вазъи  молу  мулк ;

-маълумотнома  аз ҷои   истиқомат ;

-маълумотнома  оиди  доғи  судӣ ;

-нусхаи шиноснома ;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии  иҷтимоӣ (СИН) ;

-нусхаи  билети ҳарбӣ ( шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо  намудаанд) .

-маълумотнома  (объективка)  дар шакли хаттӣ  ва электронӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Бохтар, кучаи Айнӣ-3, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятиХатлон.

 Телефон барои  тамос: 8-3222- 2-83-19, 2-41-46.

Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз, аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида  пардохт карда мешавад.