User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи расмии курси мазкур ноиби ректори Академия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ноиби ректор Карамалишоев К. зимни ифтитоҳи курси мазкур зикр намуд, ки дар доираи татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ва санадҳои барномавии дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Дар робита ба ин, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мунтазам такмил додани донишҳои ҳуқуқӣ ва соҳавии хизматчиёни давлатии ҷавон ҳамасола дар Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ курсҳои азнавтайёркуниро барои хизматчиёни давлатие, нав ба хизмати давлатӣ дохил шудаанд, пешбинӣ менамояд.

Дар идома муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидов Шоҳрух суханронӣ намуда, хизматчиёни давлатиро ба риояи нақшаи баргузории курс, аз худ намудани донишҳои нав ва такмили маҳорату малакаи касбӣ даъват намуданд.

Курси мазкур аз 22 то 27 апрели соли равон идома намуда, ҳангоми хатм ба шунавандагон гувоҳномаҳо дода мешавад.

 

 Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон