User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух, мушовири Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Зокир, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинов Аврангзеб ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо хатми муваффақонаи курси такмили ихтисос табрик гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки дар заминаи Донишкада баргузор карда мешаванд, бо мақсади беҳтар намудани савияи донишҳои амаливу назариявӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозор ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар баргузор мегарданд.

Дар идома ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишоев Карамалишо ва мушовири Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Зокир суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки дар замони муосир пешгирии коррупсия ва зуҳуроти коррупсионӣ аз вазифаи асосии мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ тайи солҳои соҳибистиқлол як қатор чораҳои амалиро дар ин самт татбиқ намудааст. Аз ҷумла қабули як қатор барномаву стратегияҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ заминаи фаъолияти пурсамари мақомоти давлатӣ гардида истодааст. Дар баробари ин зарур шуморида мешавад, ки сатҳи саводнокии ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ боло бурда шуда, масъулияти риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таъмин карда шавад.

Зимни чорабинӣ шунавандагони курси такмили ихтисос ба устодону кормандон ва аҳли раёсати Академия, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷиҳати ташкил ва баргузории курси мазкур сипосгузории худро баён намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби намояндагони Академия ва меҳмонон ба шунавандагони курси такмили ихтисос дар фазои тантанавӣ гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон