User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентиябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2023, №26/10-491  нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 санаи 30 январи соли 2024, соати 1000  дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он, намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо ва намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 30 январи соли равон аз соати 0930 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд, ки қаблан тавассути телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. аз қайд гузаранд.

Ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки барои дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро қаблан тавассути телефонҳо ва почтаи электронии зикргардида ба Агентии хизмати давлатӣ то санаи баргузории нишасти матбуотӣ пешниҳод намоянд.

 

 Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон