РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Имрӯз, 15 сентябри соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Рушди хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” курси такмили ихтисос оғоз ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Абдулло Мумин иштирок ва суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон таваҷҷуҳи махсуси давлат ва Ҳукумати мамлакатро ба масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими ҳифзи қишрҳои осебпазири аҳолӣ ва мутобиқ намудани низоми хизматрасонии давлатӣ ба талаботи замони муосир таъкид намуданд. Зикр гардид, ки татбиқи чунин барномаҳо барои такмили малакаи мутахассисони соҳа ва расонидани хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон заминаи муҳиму боэътимод мегузорад.
Дар ҷараёни машғулиятҳо ба шунавандагони курс доир ба мавзуъҳои сиёсати иҷтимоии давлат ва низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон: идоракунӣ, амалия ва дурнамои рушди соҳа, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, дурнамои хизматрасониҳои иҷтимоӣ: Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир, ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, мезанизми амалисозии тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муаяйн намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо) камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазифа ва ваколатҳои тарафҳои масъул иттилоъ дода мешавад.
Курси такмили ихтисос то 20 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар фарҷоми он баргузории мизи мудаввар бо мавзӯи «Рушди хизматрасониҳои давлатӣ дар даврони истиқлол» ба нақша гирифта шудааст. Ин чорабинӣ ба мубодилаи таҷриба, баррасии мушкилоти мавҷуда ва таҳияи пешниҳодҳои амалӣ барои такмили минбаъдаи хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард.