Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Санаи 26 феврали соли равон вохӯрии директори Агентӣ Идрисзода Илёс Мумин бо намояндаи Агентии ҳамкорҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) хонум Мизутани Ёко бо иштироки масъулони Агентӣ ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентӣ бо Агентии ҳамкорҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) тавассути барномаҳои таълимӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб дар самти таҳсил, аз ҷумла такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантура амалӣ карда мешавад.
Зикр карда шуд, ки дар асоси ин барномаҳои таълимӣ давоми солҳои 2009-2025 152 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуда, аз ин шумора 121 нафар таҳсилро хатм намуда, айни замон таҳсили 31 нафар идома дорад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ташкил ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ба гузаштан ба тартиби нави маблағгузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои рушд ва истифодаи самарабахши захираҳои инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои хизматчиёни давлатӣ ва таҳкими минбаъдаи хизмати давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.