Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби котиби сеюм ва атташе:
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби котиби дуюм
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ;
-. варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-. тарҷумаи ҳол;
-. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
-. нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
-. нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
-. нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
-. асл ва ё нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бо нишон додани собиқаи меҳнатӣ);
-. маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
-. нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-. маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-. тавсифнома аз ҷойи кор;
-. маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
-. нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
-. нусхаи билети ҳарбӣ (шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, маълумотнома аз комиссариати ҳарбӣ дар хусуси дар қайд будан);
-. гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ;
-. парванда (папкафайл, дело).
Суроғаи қабули ҳуҷҷато:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 33
Телефонҳо барои тамос: 221-15-61, 221-15-16, 227-54-56
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.