Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
1. | Сардори шуъбаи умумӣ ва назорати раёсати корҳо — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 3739,90 сомонӣ. |
2. | Сармутахассиси раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ — 2780, 00 сомонӣ. |
3. | Сармутахассиси шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2780,00 сомонӣ. |
4. | Мутахассиси пешбари раёсати растанипарварӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. |
5. | Мутахассиси пешбари бахши байторӣ ва зотпарварии раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ -2265,70 сомонӣ. |
6. | Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ — 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. |
7. | Мутахассиси пешбари шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. |
8. | Мутахассиси пешбари бахши амнияти озуқаворӣ оид ба масъалаҳои СУС-и раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. |
9. | Мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ — 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. |
10. | Мутахассиси пешбари раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ — 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. |
11. | Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. |
12. | Мутахассиси раёсати растанипарварӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ. |
13. | Мутахассиси раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ. |
14 | Мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 186260 сомонӣ . |
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвони роҳбари мақомот;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6, 4 дона акси
андозаи 3х4);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
— нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН)
— маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи
молу мулкӣ;
— маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
— маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ;
— маълумотнома (объективка) хаттӣ ва электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, н. Сино, кӯчаи Шамсӣ 5/1
Телефонҳо барои тамос: 235-39-18, 235-38-61, 235-38-44, 235-38-17.
почтаи электронӣ: kadrikishovarzi@mail.ru
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.