Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби ёрдамчии вазир:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ, донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизматии давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон, малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, малакаи кор бо компютер ва технологияи дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, малакаи кор бо компютер ва технологияи дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳлоти олии ҳуқуқшиносӣ, олии нопурра ва миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон, малакаи хуби муошират, малакаи кор бо компютер ва технологияи дигари иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— маълумотнома аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
— нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
— эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
— нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН)
— маълумотнома (обективка)
— парванда (лифофа – 1 дона)
Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгўи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.
Озмун аз се марҳила иборат аст, марҳилаи якум — омўзиши ҳуҷҷатҳои довталабон, марҳилаи дуюм — гирифтани кори хаттӣ ва марҳилаи сеюм — саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб. шахсоне, ки аз марҳилаи якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе хиёобони Рӯдакӣ 25,
Телефонҳо барои тамос:221-91-10, 221-61-09 (www.minjust.tj; www.adliya.tj),
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.