ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
26 апрели соли 2023 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлил ва омӯзиши масъалаҳои ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиятҳои қонунии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдаконе, ки ниёз ба ёрии давлатӣ доранд, ҳалли масъалаҳои душвори марбут ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои кӯдак, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва моддӣ бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Маркази ҳуқуқҳои кӯдак ифтитоҳ гардид.
Маросими ифтитоҳи Марказ бо иштирок ва суханронии Абдухалил Ғафурзода-ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Осама Маккави Когали-сардори Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Анвар Сафарзода-сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саодат Бобоҷонзода-ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Дилноза Аҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёдулло Абдулзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусамадзода-муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни ифтитоҳи Марказ ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд, ки «Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст». Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд. Таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак рушд ёфтанд. Ҳамкорӣ хусусан бо дафтари Хазинаи кӯдакони СММ хеле назаррас буда, он дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ сурат мегирад.
Дар идома қайд намуд, ки Марказ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, санадҳои ҳуқуқӣ ва тавсифҳое, ки аз ҷиниби кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ қабул шудаанд, Оинномаи Академия ва Низомномаи Марказ ба роҳ мемонад.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон риоя гардида, барои рушду камолоти онҳо дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ташаккули бомуваффақияти шахсияти кӯдак ҷомеа ва оила нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, кӯдак бояд дар муҳити меҳру муҳаббат, дар оила миёни ашхоси наздик ва меҳрубон ба воя расад. Калонсолон бояд ба кӯдакон дар омодагӣ ба ҳаёти мустақил, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа гардидан, барои ташаккули муқаррарии ҷисмонӣ ва ақлонии ӯ шароити мусоид фароҳам оваранд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Марказ барои ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда фаъолияти худро дар самтҳои густариши муносибатҳои фарҳангӣ-иҷтимоӣ дар мақомоти давлатӣ, ва байналмилалӣ вобаста ба самти фаъолият дар доираи талаботи муқарарнамудаи қонунгузорӣ, ташкил ва баргузор намудани конфренсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар ҳамоишҳои илмӣ ҷиҳати тақвият бахшидани соҳаҳои гуногуни илм ба вуҷуд овардани фазои ягонаи илмӣ доир ба роҳҳои ҳалли проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, омода кардани китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои омӯзишию иттилоотӣ барои донишҷӯён ва дигар нафароне, ки бо ин масъала фаъолият намояд, омода намудани модулҳои таълимӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ, гузаронидани курсҳои махсуси таълимӣ барои роҳбарони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, гузаронидани корҳои тадқиқотӣ, такмили ихтисос ва такмили самарбахшии фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, баргузор намудани курсҳои кӯтоҳмухлат барои кормандони мақомоти ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, коркард ва баргузор намудани онлайн-курсҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ташкил намудани низоми гузаронидани тренингҳо барои хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз модулҳои тахассусӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, равобит ба дигар марказҳои амалкунанда оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиққотӣ, таҳияи маводҳои илмӣ-таълимӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар намуди фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ манъ накардааст, ба роҳ мемонад.
(Маълумот ва аксҳо аз саҳифаи иҷтимоии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх