ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб идома ёфт.
Дар Қасри маданияти Арбоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Осорхонаи таърихии ин бинои муҳташам, ки соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра навсозӣ карда шуд, боздид ба амал оварда, бо тамошои аксу ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз ҳар рӯзи иҷлосия ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ намуданд.
Дар толори «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тоҷикистон дар масири Истиқлолият»-и Осорхонаи Қасри Арбоб маводи нодир ба намоиш гузошта шудааст.
Хусусан, дар толори намоишии «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеаҳои мудҳиши гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии тӯлонӣ, лаҳзаи риққатовари гаҳвораи бетифл, гиряи талхи модар ва кудаки маъсуми ӯ аз бадбахтӣ ва фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тарки манзил кардани ҳазорон нафар сокинони мамлакат, вазъи гурезаҳои иҷборӣ ва даҳҳо манзараи ҳузнангези он замон дар аксҳо инъикос ёфтаанд.
Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар «Оши оштӣ», баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёе, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун ёдгории таърихӣ дар ин толор маҳфузанд.
Ҳамчунин аксҳои намояндагони васитаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро ба навор гирифта, суҳбатҳои судманд анҷом медоданд, ба намоиш гузошта шудааст.
Нигораи «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ба қалами рассом Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, расми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯи мардум бо қосидони сулҳ - кабӯтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гӯё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо ҳамқадами Сарвари давлат гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидгар аст.
Дар доираи навсозии куллии Осорхонаи Қасри маданияти Арбоб ва пешниҳоди маводи маҳфузгардида бо тарҳи муосир, ҳамзамон дар ин ҷо гӯшаи таҷлили бошукӯҳи тантанаҳои 10, 15, 20 ва 25-солагии иҷлосия ва толори баргузории Коммиссияи машваратӣ оид ба рафти кори иҷлосия ташкил карда шудааст, ки аҳамияти таърихӣ дорад.
Дар толори намоишии «Тоҷикистон дар масири Истиқлолият» бошад, тамоми марҳилаҳои рушду пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан расидан ба сулҳу ваҳдати комил, соҳиб гаштан ба рамзҳои давлатдорӣ, пешрафт ва ободии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини зиндагии шоиста барои мардум дар заминаи татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумат - таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ниҳоят саноатикунонии босуръати кишвар дар ин толори муҳташам дар аксу лавҳаҳои алоҳида ба таври возеҳ нишон дода шудааст.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх